Мулоқоти Раҳмон ва хонум Георгина: манфиатдори рушди минбаъдаи шарикием

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Имрӯз, 20 феврал дар Қасри миллат раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳур.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем", - менависад котиботи раисҷумҳур.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ: давоми ду сол оянда рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ, барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Бонки ҷаҳонӣ сабаби ташаннуҷи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистонро гуфт

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор, муҳим шумурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0