06:01 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
142 0 0

Сироҷиддин Муҳидин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар сафири навтаъйини Афғонистонро дар Тоҷикистон барои қабули нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии  Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбарро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи худро ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар супорид.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кардааст.

“Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷониба, аз қабили комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Барчаспҳо:
эътимоднома, Афғонистон, вазорати корҳои хориҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ