13:17 02 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.55
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
115 0 0

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протман дидору мулоқот кардааст.

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохила, дар вохӯрӣ, ки чоршанбеи гузашта доир гашт, ҷонибҳо доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона, ашхоси мавриди ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарордошта, гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Манбаъ мегӯяд, дар фарҷоми вохӯрӣ ба рушди бемайлони робитаҳои ҳасана ва тавсеаи он миёни ниҳодҳои қудратии ҳарду кишвар изҳори умедворӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Дидор ва мулоқоти Вазири корҳои дохила бо сафири Олмон атрофи терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва ашхоси мавриди пайгарди байналмилалӣ қарордошта, дар ҳолест, ки аксари гурезаҳои сиёсӣ аз Тоҷикистон дар Германия қарор доранд, ва аз ҷониби мақомҳои амниятии кишвар террорист унвон гашта мавриди пайгард эълон шудаанд.

Барчаспҳо:
мулоқот, Вазорати корҳои дохила, Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ