17:24 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
812 0 0

 21 – 22 феврал дар шаҳри Ботканд, маркази вилояти ҳамноми Қирғизистон, ҷаласаи ҳайатҳои ду Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз баргузор шуд, аммо расман дар бораи натиҷаҳои он хабаре нест

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки ҷаласа таҳти роҳбарии Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров, муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, дар кори он раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ, масъулини сохторҳои қудратӣ ва ҳам сафирони ду давлат ширкат доштаанд.

"Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки минбаъд бояд ҳамкории мутақобила байни мақомоти қудратӣ ва сохторҳои марбутаи ҷонибҳо ҷоннок гардида, ҳамкории тарафайн дар асоси принсипи боварӣ ва манфиати баробарҳуқуқ ба сомон расонида шавад", - омадааст дар иттилоияи Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Дар ин санад ишора рафтааст, ки "роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин муайянсозии хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимондаро зарур шуморидаанд", аммо дақиқ гуфта намешавад, ки сари кадом масоил ё қисматҳои марзӣ чӣ тавофуқе ҳосил шудааст ва баррасии кадом "қитъаҳои боқимонда" дар роҳ аст.

Тоҷикистону Қирғизистон боз сари миз менишинанд: баррасии масоили марзӣ

Аммо нашрияи “Азия плюс” бо такя ба манобеъи худ гуфтааст, ки дар ин ҷаласа "бори нахуст дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ивази мутақобилаи 23 гектар замин дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад созиш ҳосил шуд".

"Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ба ҳалли баҳсҳои тӯлонӣ дар мавриди қитъаҳои сарҳад оғоз бахшида шуд", - хабар додааст ба "Азия-Плюс" як манбаъи наздик ба ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунидҳо.

Ба гуфтаи ин манбаъ, нисфи қаламрави барои иваз пешбинишуда ба Тоҷикистон ва нисфи дигари боқимондааш ба Қирғизистон тааллуқ доштааст, аммо маҳз сухан дар бораи кадом қитъаҳо дар қаламрави давлатҳо меравад, маълум нест.

Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон соли 2001 эҷод шуда, танҳо соли 2013 муваффақ шудааст, 519, 9 километри марзи ду кишварро дар қисматҳои баландкӯҳ тасбит кунад. Бақия 467 километри он ба вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон рост меояд, ки то ба ҳол муайян нашудааст ва дар ҳоли сиҳат доштани хабари табодули 23 гектар қаламрави ду кишвар ба ин рақам низ тағйир хоҳад омад.

Ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки таъйин ва аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба эҳтимоли зиёд охири моҳи марти соли равон баргузор хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ