Зуҳуров дар бораи демократияи кӯчагӣ, "хомӯшӣ"-ҳою маслиҳат бо Ҳукумат: вақти ҷидол гузашт

© © Sputnik / Амир ИсаевСессия в парламенте Республики Таджикистан
Сессия в парламенте Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, ягон хел “демократияи кӯчагӣ” кори ҳирфаии неруҳои гуногуни сиёсиро, ки дар мақоми олии қонунгузор анҷом дода мешавад, иваз карда наметавонад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии парлумони кишвар, раиси Маҷлиси намояндагон ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи хотимавии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум изҳор дошта, гуфтааст,  мо бо кори хеш исбот кардем, ки мубоҳисаро дар парламент доир намудан манфиатбахштар аст, на дар кӯчаву майдонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ.

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров  - Sputnik Тоҷикистон
Тавсифи Зуҳуров аз қонун дар бораи Пешво: ба китобҳои таърих ворид мешавад

Ҷаноби Зуҳуров гуфтааст, пӯшида нест, ки иддае аз сиёсатбозон ва ба ном мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд фаъолияти парламенти кишварро паст зананд, камарзиш нишон диҳанд.

“Онҳо, масалан, мегӯянд, замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир бошад, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, бемамоният қабул ё тасдиқ мешавад, ё худ, вакилон “бо равиши об шино мекунанд” ”,-афзудааст Зуҳуров.

Зуҳуров таъкид кардааст, ки ҷӯшидану ҷанҷол бардоштанҳо, хархашаю муноқишаҳо дар парламент ҳеҷ гоҳ нишонаи кори солиму манфиатовар набуд ва буда ҳам наметавонад. Парламент ин мақоми муқаддас аст, ки халқ аз миёни беҳтаринҳо интихоб кардааст. Одоб ва эҳтироми ҳамдигар аз сатҳу сифати кори парламент гувоҳӣ дода, оромию низомаш гувоҳи сатҳи баланди фарҳанг ва озодии ӯст.

Ба гуфти ӯ, ҳуҷум ба парламент ҳамчун институти сиёсиро метавон ҳуҷум ба имконияти пешбурди муколамаи ҷамъиятӣ, ба имконияти рушди конститутсионӣ ва демократии мамлакат унвон кард. Дар гузаштаи начандон дури мо маҳз чунин ҳуҷумҳо ба муқовимати мусаллаҳона роҳ кушода буданд. Саҳифаҳои алоҳидаи фоҷиавии таърихи парламентаризми тоҷик бояд ба ҳамаи сиёсатмадорони имрӯзу оянда ҳушдоре бошанд.

Шукурджон Зухуров - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси Зуҳуров ба журналистон: аз ҳамкорӣ қаноатмандем

“Замони ҷангу ҷидолҳо, бетартибию ҳарзагӯиҳо ва муноқишаю ҷӯшиданҳои бемавқеъ, ки ба фасоду номуназзамии кори парламент омехта буд, гузашт. Парламенти касбӣ ва вакилони имрӯзу фардои он ба ин тартиб ҳаққи маънавии ноором кардани фазои қонунгузорӣ ва мафкураи ҳуқуқии халқро надоранд. Мо дар оинаи нилгун ҳамарӯза мебинем, ки дар  кишварҳое, ки парламентҳо ва ҳукуматҳо ба тарафкашию муноқишаҳо моиланд, оқибати корашон чӣ шуда истодааст”, гуфтааст раиси Маҷлиси намояндагони.

Номбурда гуфтааст, бартарии бузурги Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз ҳамин кори бамаслиҳати Ҳукумати кишвар бо Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон Ҳукумат бо Парламент шарики якдигаранд, дар байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад, ин ду шохаи ҳокимият мисли механизми ягона кор мекунанд.

“Ин ҷо ҳамаи қарорҳо, бахусус оид ба масъалаҳои калидӣ, дар асоси муколама, машварат ва баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон бо мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои марбута қабул мегарданд. Ба аксари кулли лоиҳаи қонунҳое, ки Ҳукумат барои қабул ба Маҷлиси намояндагон мефиристад, низ дар сурати зарурат аз тарафи вакилон ҳамаи тағйиру иловаҳои даркорӣ ворид карда мешаванд. Баҳсҳои корӣ зиёданд, гоҳо сифати кори вазоратҳои алоҳида мавриди муҳокимаи шадид қарор мегирад. Вале дар 

Председатель Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Шукурджон Зухуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зуҳуров ба мақомот: барои пайвастани афвшудагон ба зиндагии комил чораҳои дахлдор андешед
мубоҳиса бо Ҳукумат мо ҳамеша ҳадафи муштарак дорем, ки он бунёди Тоҷикистони пешрафта — Тоҷикистоне ҳаст, ки мутобиқ ба Конститутсияи худ бояд воқеан ҳам давлати иҷтимоӣ бошад — дар он барои ҳар як шаҳрванд шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам бошад”,- мегӯяд Шукурҷон Зуҳуров.

Ӯ гуфтааст, ба назари ман, озодиву демократия аз чунин ҳамкорӣ, ки мо дорем, зарар надидаасту нахоҳад дид. Иллати озодихоҳони замони нав дар он аст, ки онҳо дар демократия озодиро дидаву сарҳади онро дарк накардаанд, худи демократияро шунидаву ҷавҳари онро ҳазм накардаанд. Зеро озодии асил сарҳад дорад, ки бо ахлоқ ва ҳуқуқ муқаррар мегардад. Демократияи комил танҳо дар пояи низому тартиб ва эҳтироми тарафайни субъекони ҳокимият ва халқ тавлид мегардад. Демократия ҳеҷ аст, агар ниҳодҳои зуҳури он тобеи қонун ва ахлоқ набошанд.

Лентаи хабарҳо
0