15:14 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
775 0 0

Дар пайи тавофуқи ИМА ва Толибон, ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон, ки имрӯз дар Қатар имзо шуд, Амрико дар муддати 135 рӯз пас аз ин тавофуқ нерӯҳои худро дар Афғонистон ба 8 ҳазору 600 нафар коҳиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Тавофуқномаи сулҳи Амрико бо Толибон пас аз ҳудуди 18 моҳи музокироти дуҷониба, асри имрӯз дар Қатар имзо шуд, хабар дод “Парстудей”.

Дар баёнияи давлатҳои Афғонистон ва Амрико омдааст, дар сурате, ки Толибон ба тааҳудоташ амал кунад, Амрико ва НАТО ҳамаи нерӯҳои худро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд кард.

Расонаҳои Афғонистон низ хабар додаанд, ки бар асоси ин созишнома хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз қаламрави Афғонистон дар назар аст.

Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аз тарафи Толибон ва Зулмо Халилзод, музокиракунандаи Амрико ин тавофуқномаро имзо карданд.

Мулло Бародар ибрози умедворӣ кард, бо имзои ин тавофуқнома низомиёни хориҷӣ ба сурати комил аз Афғонистон хориҷ шаванд.

Вай ҳамчунин аз кумакҳои Эрон, Покистон, Русия, Норвегия ва бархе кишварҳои дигар дар раванди сулҳи Афғонистон қадрдонӣ кард. Гурӯҳи Толибон эълом кард, ки ба тавофуқ бо Амрико пойбанд аст.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико низ гуфт, бар асоси тавофуқи сулҳ, Толибон тааҳуд кардааст равобити худро бо гурӯҳҳои террористӣ қатъ ва бо давлат, мардум ва фаъолони мадании Афғонистон музокироти худро оғоз кунад.

Бар асоси баёнияи муштараки Амрико ва Афғонистон, Амрико аз иҷрои зӯр алайҳи тамомияти арзии Афғонистон худдорӣ мекунад ва дар масоили дохилии ин кишвар дахолат намекунад.

Барчаспҳо:
шартнома, сулҳ, ИМА, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ