Сироҷиддин Муҳриддин дар хориҷи кишвар раъй дод

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар хориҷи кишвар қарор дошт, дар раъйдиҳӣ иштирок кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин 1 марти 2020 дар бинои сафорати Тоҷикистон дар Қатар, дар интихоботи парлумонӣ иштирок намуд, хабар дод Вазорати умури хориҷӣ. Қитъаҳои интихоботии берун аз кишвар, аз ҷумла нуқтаи раъйдиҳӣ дар Қатар тобеи ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошанд.

Сироҷиддин Муҳиддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Майк Помпео, котиби давлатии ИМА ва ҳамтоёни дигар дар Доҳа - Sputnik Тоҷикистон
Иштироки вазири тоҷик дар маросими имзои созишнома бо Толибон

Сироҷиддин Муҳриддин, ки дар Доҳа дар маросими имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон иштирок намуд, ҳамчунин бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико мулоқот доштааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, 29 феврали 2020 дар Доҳа инчунин дидори Сироҷиддин Муҳриддин бо фиристодаи вижаи вазири корҳои хориҷии Қатар дар бахши  мубориза бо терроризм Мутлақ ибни Моҷид ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти мубориза алайҳи чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд, хабар дод ВУХ Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0