07:06 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
832 0 0

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, бо нашри изҳороти раёсати Шӯрои сиёсии ҳизбаш аз ҷонибдорон хостааст, ба эътирозҳои мувофиқанашуда даст назананд ва таъкид кардааст, ки дар 10 рӯзи оянда баргузории митингҳои мувофиқашударо баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба чунин хулоса омад, ки натиҷаҳои интихобот на ҳуқуқӣ, балки сиёсӣ ва комилан тақаллубӣ аст, аз ин рӯ ин натиҷаҳоро эътироф намекунад, омадааст дар изҳороти нашркардаи Зоиров.

Ба иттилои манбаъ, 14 созмони ноҳиявию шаҳрии ҲСДТ ва теъдоди зиёди ҷонибдорони ҳизб пешниҳод намудаанд, ки ҳамчун шакли эътирози мардумӣ ба эълони пешакии натиҷаҳои интихобот, гирдиҳамоӣ доир карда шавад.

Раёсати Шӯрои сиёсӣ таъкид намудааст, ки ҲСДТ як созмони мутамаддини сиёсист ва аз аъзои ҳизбу ҷонибдоронаш хоҳиш намудааст, ки аз баргузории ҳама гуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоии бидуни мувофиқа, худдорӣ намоянд.

“Раёсати Шӯрои сиёсии ҲСДТ баргузор намудани ҳама гуна шаклҳои эътирози мардумӣ, бахусус гирдиҳамоиҳои бидуни мувофиқаро дар шароити имрӯз намепазирад, зеро, ки ҲСДТ созмони сиёсии қонунпазир ва мутамаддин аст, ки тартиби муқарраршударо риоя ва аз халалдор гардидани амнияти шаҳрвандон худдорӣ менамояд”, - илова намудаст раёсати Шӯрои сиёсӣ.

Ин ҳизб таъкид намудааст, дар мувофиқа дар 10 рӯзи оянда баргузории гирдиҳамоиҳоро дар 5 маркази минтақавии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

"Дар давоми 10 рӯзи оянда гузаронидани гирдиҳамоиҳои (митингҳои) яквақта дар панҷ маркази минтақавии ҷумҳурӣ бо риояи тартиби муқарраршуда дар робита ба натиҷаҳои интихобот баррасӣ хоҳад шуд. ҲСДТ аз пешниҳоди шикоят ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон худдорӣ менамояд, зеро ки дар Тоҷикистон дар шароити муосир адолати судӣ вуҷуд надорад", - омадааст дар изҳорот.

ҲСДТ афзудааст, ҳамаи далелҳои дастрасро ҷамъоварӣ намуда ба КМИР, Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва Иттиҳоди Авруосиёии иқтисодӣ пешниҳод мекунад. Дар моҳи май Анҷумани ғайринавбатии ҲСДТ даъват карда шуда, дар он масъалаи мазкур баррасӣ ва чораҷӯӣ карда мешавад, омадааст дар идома.

Интихобот 2020: кӣ бурду кӣ бохт

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон 1 марти соли равон баргузор гардида, ҲСДТ ягона ҳизб дар кишвар мебошад, ки намояндагонаш вориди парлумон нашуданд. КМИР интихоботро баргузоршуда эълон намуда, нозирон аз кишварҳои ИДМ ва СҲШ онро шафофу демократӣ хонданд.  

Барчаспҳо:
парлумон, интихобот, ҲСДТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ