04:07 13 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
236710

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тоҷикӣ набудани ном ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Тоҷикистон ин нуктаро дар мулоқот бо олимони кишвар изҳор дошта, бо нигаронӣ гуфт, 90 фоизи олимон номи тоҷикӣ надоранд.
“Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

Ба гуфти раҳбари давлат, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

Масалаи тоҷикӣ кардани ном ва насад бори нахуст аз ҷониби президент ҳануз соли 2007 садо дод ва ӯ аз аввалинҳое буд, ки номашро аз Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон иваз кард ва дар пайи ӯ мансабдорони дигар низ пайравӣ карданд.

Моҳи марти соли 2016 дар Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ворид шуд, ки бар асоси он ба ҷойи пасвандҳои русии “-ов”-у “-вич” бояд пасванҳои тоҷикӣ истифода шавад.

Дар қисми 4-и моддаи 20-уми ҳамин қонун гуфта шудааст: “Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад.”

Барчаспҳо:
Олимон, ном, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ