Раҳмон баъди гирифтани розигӣ 7 фармони таъйину барканориро имзо кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъди гирифтани розигии Маҷлиси миллӣ имрӯз фармонҳо барои барканорӣ ва таъйинот дар раёсати Додситонии кулли кишварро имзо намуд

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Абдуғаффор Ҳикуматуллозода, муовини якуми додситони кул ва Зоирзода Икром Оймаҳмад,  муовини додситони кул, – Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Насрулло Маҳмудзода, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Собиқ вакил ва донандаи 4 забон: котиби нави Шӯрои амният кист?

Инчунин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Дилшод Талбакзода ва Мирзоамон Рофизодаро ба мақоми муовинони додситони кулли кишвар таъйин намуд.

Аз миёни муовинони пешини додситони кул - прокурори генералӣ, як нафар ба нафақа фиристода шуда, боқимонда соҳиби мақомҳои нав гардиданд. Ҳотам Назарзода аз вазифаи муовини аввали додситонии кулли Тоҷикистон ба нафақа баромада боқимонда вазифаҳои нисбатан пасттар гирифтанд.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Муҳаммадиброҳим Осимзода ноиби пешини додситони кул вазифаи додситони шаҳри Ҳисор ва ҳамтои дигараш - Валӣ Ваҳобов, мақоми ноиби додситони вилояти Суғдро гирифт.  Сафаралӣ Мирзозода, собиқ Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ба мақоми муовини фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ таъйин шуд.

Лентаи хабарҳо
0