Мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ лағв нашудааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкИсполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев
Исполнительный секретарь СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сергей Лебедев, раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ гуфт, мулоқоти роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ин созмон, ки дар Тошканд дар назар аст, бекор нашудааст

ДУШАНБЕ, 25 мар— Sputnik. Мулоқоти сарони ҳукуматҳо 29 май дар Тошканд дар назар буда, омодагиҳо ба он идома доранд, хабар дод Лебедев ба Sputnik.

Медицинский работник в аэропорту в защитном костюме - Sputnik Тоҷикистон
Омори даҳшатбори коронавирус: дар чор рӯз бештар аз сад ҳазор бемор

“Феълан мулоқотро касе бекор накардаасту омодагиҳо ба он аз ҷониби сохторҳои ИДМ идома доранд”, - таъкид кард раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар Тошканд ба 50 нафар расида, шаҳр дар карантин қарор дорад. Ҳаракати нақлиёт дар пойтахти Ӯзбекистон мутаваққиф шуда, фурӯшгоҳу марказҳои тиҷорӣ баста мебошанд .

Дар ҳоле, ки теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон беш аз 420 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) аз мавқуф гузоштани Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио аз соли 2020 ба соли 2021 хабар дод.

Ба иттилои Кумита, масъалаи ба таъхир гузоштани Олимпиадаро сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ зимни гуфтугӯи телефонӣ бо президенти КБО Томас Бах баён дошт.

Дар натиҷаи гуфтугӯ ҷонибҳо ба хулоса расидаанд, ки Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио тобистони соли оянда бо номи ҳозирааш  "Токио 2020" баргузор карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0