22:25 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1168 0 0

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар пасманзари ҳаводиси марбути коронавирус ба мардум муроҷиат карда, хост, ҳадалимкон дар хона монанд. Ӯ барои дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорон бархе имтиёзҳоро пешниҳод намуд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Путин аз он оғоз кард, ки Русия наметавонад аз хуруҷи коронавирус канор монад ва мардумро ба масъулиятшиносӣ даъват намуд. Ӯ гуфт, шаҳрвандон худу наздиконашронро ҳифз кунанд ва таъкид намуд, ки аз ҳама ҷои амн дар шароити ҳозира берун набаромадан аз хона мебошад.

Путин ҳамчунин изҳор дошт, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсия, ки 22 апрел дар назар буд, ба таъхир андохта мешавад ва санаи дақиқ баъдан маълум хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Русия зарурати дастгирии оилаҳои серфарзандро таъкид намуда, афзуд, ки дар се моҳи оянда, сар аз апрел барои ҳар кӯдаки то сесола 5 ҳазор рубл кумакпулӣ пардохт мешавад. Раисиҷумҳур аз 28 март то 5 апрел рӯзҳои истироҳатӣ эълон карда, афзуд, ки ҳафтаи истироҳат ба ҳаҷми маош таъсире нахоҳад дошт. 

Ба иттилои Путин, пардохтпулиҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар шаш моҳи оянда бидуни ҳеч расмиёти маъмурӣ тамдид карда хоҳанд шуд. 

Путин зарурати дастгирии афродеро таъкид намуд, ки дар пайи хуруҷи коронавирус ҷои корашонро аз даст медиҳанд. Ӯ пешниҳод кард, ки пардохти иҷтимоӣ барои бекорӣ аз 8 ҳазор рубл ба 12 ҳазор рубл расонда шавад.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин пешниҳод кард барои беморӣ пардохтпулиҳо на камтар аз маоши ҳадди ақал бошанд.

Владимир Путин ҳамчунин хостори танаффус дар пардохти қарзҳои ипотекию истеъмолӣ шуд, чун ба гуфтаи ӯ даромади аҳолӣ якбора коҳиш ёфт.  

“Маълум аст, ки дар пайи коҳиши якбораи даромад пардохти қарз бо реҷаи қаблӣ хеле мушкил ё ғайриимкон хоҳад буд”, - изҳор дошт Путин.

Ӯ гуфт, барои нафаре, ки якбора даромади моҳонааш сӣ дарсад коҳиш ёфт, бояд ҳуқуқи мутваққиф шудани пардохти қарз пешбинӣ гардад.

Мавзӯъҳои асосӣ