Мирзиёев Ғаниро табрик кард: Дӯстум чӣ хоҳад гуфт?

© Пресс-служба президента РУзПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон зимни як тамоси телефонӣ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барои интихоб шуданаш ба маснади раисҷумҳури Афғонистон табрик кардааст

Душанбе, 27 март - Sputnik. Дафтари матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон, хабар медиҳад, ки дирӯз, 26 март, зимни гуфтугӯи телефонӣ онҳо ба муносибати Наврӯз якдигарро гарму ҷӯшон табрик ва ба ҳамдигар орзуву хоҳишҳои беҳтаринро баён дошта, ба вижа таъкид кардаанд, ки ин ҷашни равшани саодат ва таҷдиди табиат ба таври суннатӣ намоде аз мероси муштараки фарҳангӣ ва маънавӣ, ормонҳои мардумони дӯсти ду кишвар барои сулҳу шукуфоӣ аст.

Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ: Ашраф Ғанӣ дигар раисҷумҳур нест ва фармонҳои вай эътибор надоранд

“Раисҷумҳур Ӯзбекистон ҳамчунин Ашраф Ғаниро ба хотири интихобаш ба унвони раисҷумҳури Афғонистон табрик карда, самимона орзуи муваффақиятҳои бузург барои пешбурди вазоифи авлавиятдори тазмини суботу рушди пойдори кишвар намуд”, - навиштааст president.uz.

Ба навбаи худ, Ашраф Ғанӣ аз раҳбари Ӯзбекистон ба хотири табрик ва ҳамчунин ҳимояту талошҳои фаъолонааш барои дастёбӣ ба сулҳ ва бозсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ибрози қадрдонӣ карда, гуфтааст, конфронси байнуламилалии Тошканд дар мавриди Афғонистон, ки ду сол пеш ба ибтикори раисҷумҳури Ӯзбекистон баргузор шуд, як рӯйдоди муҳим ва "нуқтаи шурӯъ" дар амри роҳандозии раванди сиёсӣ барои ҳалли мусолиматомези масъалаи Афғонистон, ҷустуҷӯи роҳҳо ва механизмҳои қобили қабул барои гуфтугӯи байни тарафайни зинафъ буд.

Пойгоҳи иттилоотии раисҷумҳури Ӯзбекистон менависад, дар тайи ин гуфтугӯ вазъияти феълӣ ва иқдомоти анҷомшуда дар робита бо шуйӯъи уфунати “вируси корона” дар минтақа мавриди баҳс қарор гирифт.

Президент Афганистана Мохаммад Ашраф Гани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ғанӣ гуфт, Трамп ба ӯ занг заду изҳори боварӣ намуд

“Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ бо ташаккури вежа аз кӯмакҳои амалии Ӯзбекистон дар муқобила бо “вируси корона” хотирнишон шуд, ки роҳи оҳани “Ҳайратон – Мазори Шариф”, ки тавассути мутахассисони ӯзбек сохта ва ба баҳрабардорӣ расида, таъмини барқ, маводи ғизоӣ, маҳсулоти саноатӣ ва ҳамчунин транзити бемамониати колоҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона аз тариқи кишвари мо ва соири кӯмакҳои ироашуда аз авомили муҳим дар мубориза бо ин беморӣ аст”, - навиштааст president.uz.

Табрикии Ашраф Ғанӣ аз сӯи Шавкат Мирзиёев далели эътирофи аввалӣ аз сӯи Ӯзбекистон аст. Аз сӯи дигар, ӯзбекҳои Афғонистон бо раҳбарии генерал Абдурашид Дӯстум аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, рақиби сарсахти Ашраф Ғанӣ ҳимоят мекунанд ва аз пуштибонони аслии ӯ ба ҳисоб мераванд.

Иқдоми Мирзиёев Ӯзбекистонро дар сафи ИМА, кишварҳои Халиҷ, Ҳинд ва Туркманистон қарор медиҳад, ки то ба имрӯз ин раҳбари афғонро эътироф карда, ба расмият шинохтаанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки қудратҳои давру бари Афғонистон, назири Русия, Эрон, Чин, Покистон ва бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ аз фиристодани табрикӣ барои ин ё он ҷониб то ба ҳол худдорӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0