11:48 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
4396 0 0

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паи овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардид

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Шаҳрдори Душанбе ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - Рустами Эмомалӣ мақоми нав гирифт.

"Тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда, зимни овоздиҳии пинҳонӣ аз ҷониби вакилон – интихобкунандагон, номзадии Рустами Эмомалӣ – раиси шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардид", - хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Рустами Эмомалӣ ба мансаби нав пешниҳод шуд

Ҳамчунин номзадии Амонзода Илҳом Темур – ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз ноҳияи Фирдавсӣ, Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Шоҳмансур, Раҳмон Дилшод Сафарбек – декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Одилбекова Лола Қиёмбековна – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе интихоб гардиданд.

Дар ин бора имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, Иcмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино, ки оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 баргузор гардид, хабар дода шуд.

Дар интихобот аз 219 нафар вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он 217 нафар ширкат карданд

 Иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино номзадии панҷ нафар вакилони дар боло зикршударо ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намуд.

Бо ҳамин ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Фирдавсӣ, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Сино оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатӣ дар шаҳри Душанбе, №4 кори худро анҷом дод.

Барчаспҳо:
интихобот, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Рустами Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ