Аз аломатгузории марз то пешгирии коронавирус: суҳбати телефонии Раҳмон бо Жээнбеков

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президентҳо ба хатари ба таври бесобиқа паҳн гардидани коронавирсуи нав  ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Имрӯз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков телефонӣ суҳбат кард.

Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Кӯдакони 1,6 ва 14 -сола аз гирифторони нави коронавирус дар Қирғизистон мебошанд

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни сӯҳбат сарони давлатҳо  маҷмӯи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Президентҳо ба хатари ба таври бесобиқа паҳн гардидани коронавирсуи нав  ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд.

ВУХ аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

Ба ин манзур зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои гирифтани пеши роҳи паҳншавии фаромарзии минбаъдаи ин бемории сироятӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дастгирии  дохилиминтақавӣ таъкид гардид.

Вобаста ба ин Сарвари давлати мо омодагии  ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ намудани иқдомҳои муштарак бо ҳамаи кишварҳои минтақа иброз дошт.

Дар рафти сӯҳбат президентҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи маъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ кардаанд.

Дар ин зимн зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадӣ махсус таъкид карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0