13:45 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1074 0 0

Гурӯҳи сиёсии субот ва ҳамгароии Афғонистон эълом кард, муҳлати ин тими интихоботӣ ба Ашраф Ғанӣ ба поён расид ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ имрӯз кабинаашро муаррифӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Хонзамон Мудаббир, сухангӯи Тими субот ва ҳамгароӣ гуфт, ба Ашраф Ғанӣ даҳ рӯз муҳлат дода шуда то аз манофеи шахсии худ бигузарад ва аз роҳи тафоҳум ба буҳрони кунунӣ дар Афғонистон поён диҳад, хабар додааст Парстудей.

Ба иттилои манбаъ, Ғанӣ дар ин муддат на танҳо аз худ инъитоф нишон надода, балки ба корҳои ғайриқонуниаш идома додааст.

"Дар ҳоле, ки ба назар мерасад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ду пештози интихобот ба тавофуқ наздик шудаанд, аммо уфуқи тозае дар авзои сиёсии Афғонистон дида намешавад, зеро Ғанӣ ҳамчунон ба муаррифӣ ва гузиниши чеҳраҳо барои такмили кабинаи худ идома медиҳад", - изҳор доштаст Хонзамон Мудаббир.

Вай таъкид кардаст, бо вуҷуди ин ки тими субот ва ҳамгароӣ ҳеҷ гоҳ хоҳони идомаи буҳрон набуда ва нест, аммо ночор аст рӯзи якшанбе аъзои кабинаи худро муаррифӣ кунад. Мадаббир таъкид намудаст, ки тимашон иҷоза намедиҳад панҷ соли дигар қаллобӣ бар сарнавишти мардуми Афғонистон ҳоким шавад.

Кумитаи интихоботи Афғонистон, Ашраф Ғаниро пирӯзи интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар эълом кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо эътироз ба натоиҷи ин интихобот, худро раиси ҷумҳури Афғонистон донист ва ҳар ду рақиби сиёсӣ дар ду кох дар Кобул маросими савгандёд баргузор карданд, ки ин мавзӯъ боиси таниши сиёсии бештар дар ҷомеаи ин кишвар шуд.

Барчаспҳо:
интихобот, муаррифӣ, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ