Тоҷикистон пиёзу Қазоқистон гандум медиҳад: суҳбати Расулзода бо ҳамтои қазоқаш

© Sputnik / Андрей СтенинМешок муки, архивное фото
Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳамтои қазоқаш Аскар Мамин масоили воридоти орду гандум ба Тоҷикистон ва содироти пиёзро ба Қазоқистон баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон бо Аскар Мамин, сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати телефонӣ анҷом додааст

Мука. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Қазоқистон содироти орду гандум ва шакарро ба кишварҳои мухталиф манъ кард

Зимни суҳбат Қоҳир Расулзода ва Аскар Мамин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла паҳн гардидани бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии авҷи ин беморӣ ибрози назар намуданд, хабар додааст “Ховар”.

Сарвазирони ду кишвар масъалаи содироти маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла пиёз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани  маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили  гандум ва ордро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, суҳбати телефонӣ дар фазои ҳамгироии нек ва сиёсати бобарори сарони ҳарду давлат сурат гирифт.

Суҳбати сарвазирони ду кишвар барои воридоти орду гандум ва содироти пиёз дар ҳолест, ки қаблан Бохит Султонов, вазири тиҷорати Қазоқистон эълон намудааст, ки содироти бархе маҳсулот монанди гандум, орд, шакар, себзаминӣ ва руғани офтобгардон бо ҳадафи таъмини комили ниёзҳои мардуми Қазоқистон ба таври муваққат то 15 апрел мамнӯъ мешавад.

Қазоқистон яке аз содиркунандаи асосии гандуму орд дар минтақа ба шумор меравад, ки Тоҷикистон низ ҳамасола миқдори зиёди ин маҳсулотро ба кишвар ворид месозад.

 

Лентаи хабарҳо
0