Сӯҳбати видеоии вазир бо сафирон: ба тоҷикони дармонда дар хориҷа кумак кунед

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВстреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина
Встреча глав МИД РФ и Таджикистана С. Лаврова и С. Мухриддина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо сафирон ва консулҳои тоҷик дар хориҷ сӯҳбат анҷом дода, гуфт, ки шаҳрвандони дармондаи кишварро дар хориҷа дастгирӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа конфронси видеоӣ баргузор намуд.

Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Украина парвозҳои мустақимро барқарор мекунанд

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар конфронс вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона баррасӣ шуд.

“Ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо дармондаанд, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамагири COVID-19 дар мамлакат, инчунин вусъат додани ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Қаблан ҳудуди 100 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистон дар Туркия зимни як нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки онҳоро ба ватан баргардонанд. Тибқи иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир шумораи номаълум, аммо назарраси шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели баста шудани марзҳо ба хотири пандемияи "вируси тоҷдор" дар кишварҳои Русия, Ҳинд ва Эрон низ наметавонанд ба ватан баргарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0