ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддини Муҳриддин бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии мамлакат дар хориҷа конфронси видеоӣ баргузор намуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар конфронс вазъи кунунӣ дар кишварҳои ҷаҳон бар асари ҳамагирии вируси нави корона баррасӣ шуд.
“Ҳамчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар дигар кишварҳо дармондаанд, чораҳои пешгирии паҳншавии бемории мазкур дар ҷумҳурӣ, пайомадҳои иқтисодиву иҷтимоии ҳамагири COVID-19 дар мамлакат, инчунин вусъат додани ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Қаблан ҳудуди 100 шаҳрванди дармондаи Тоҷикистон дар Туркия зимни як нома аз раисҷумҳури Тоҷикистон хостанд, ки онҳоро ба ватан баргардонанд. Тибқи иттилои расонаҳо, дар ҳоли ҳозир шумораи номаълум, аммо назарраси шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели баста шудани марзҳо ба хотири пандемияи "вируси тоҷдор" дар кишварҳои Русия, Ҳинд ва Эрон низ наметавонанд ба ватан баргарданд.