21:47 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
433 0 0

Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Бо ризоияти раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе интихоб гардид.

Ин масъала рӯзи 7 апрели соли 2020 зимни баргузории Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, таҳти раёсати муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Тағйирот дар ҲХДТ: Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон шуд

Абдуҷаббор Азизӣ масъалаҳои рӯзномаи  маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ ва баъдан номзадии раиси навро  пешниҳод намуда, шарҳи мухтасари ҳоли ӯро бозгӯӣ кардааст.

"Аъзои Кумита номзадии Иброҳим Мирзозодаро ҷиҳати ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб шудан ҷонибдорӣ намуда, Зоир Раҳмонзодаро бинобар вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудан аз вазифаи раиси Кумита озод намудаанд", - омадааст дар хабарнома.

Дар музокира аъзои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Гавҳар Шарофзода ва Зоир Раҳмонзода баромад намуда, аз фаъолияти чашмраси раиси нави Кумита дар сохторҳои гуногун ёдовар шуда, ба корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо орзу кардаанд.

Ҳамзамон Абдусалом Мирализода ва Зоир Раҳмонзода бино бар сабаби ба кори дигар гузаштан аз узвияти Раёсат ва Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бозхонд шуда, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ва директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода ба ҷойи онҳо ба узвияти Раёсат ва Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб интихоб шудаанд.

Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ атрофи масоили дохилиҳизбӣ, пардохти ҳаққи узвият, ҷалби шахсони сазовор ба узвияти ҳизб, ҷоннок намудани корҳои таблиғотӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо, вокуниш нишон додан ба ҳангомаҳои муғризона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам сухан гуфтааст.

Манбаъ афзуда, ки Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишаванда қарорҳои дахлдор қабул кардааст.

Барчаспҳо:
таъйин, ҲХДТ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ