15:47 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
315 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо ҳамтои белорусаш, Александр Лукашенко густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Роҳбарони давлатҳо тарафайнро бо 75-солагии Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта,  таманнои некӯаҳволӣ, сулҳ ва шукуфоӣ намуданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, Раҳмон ва Лукашенко ба ҳамдигар оид ба вазъе, ки бар асари паҳншавии фарогири коронавирус дар ҳарду кишвар ташаккул ёфта истодааст, иттилоъ доданд. Ҷонибҳо ба ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларус таъкид намуданд.

“Вобаста ба ин ҳамоҳангсозии минбаъдаи талоши ҷонибҳо ҷиҳати бартараф кардани таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус муҳим дониста шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Президенти Тоҷикистон изҳори итминон намудаст, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқии худро хоҳанд ёфт ва зимнан омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт қайд кард.

Ба иттилои котибот, ҷонибҳо инчунин як қатор масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалиии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ кардаанд.

Барчаспҳо:
Белорус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ