00:11 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1068 0 0

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо ирсоли як паём, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва мардуми Тоҷикистонро бо 75-умин солгарди пирӯзӣ дар ҶБВ шодбош гуфтаст

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Путин дар баробари паёми шодбошӣ ба Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон, инчунин роҳбарон ва шаҳрвандони бархе аз кишварҳоро бо 75-солагии Ғалаба табрик кардаст, хабар дод Кремл.

“Раисиҷумҳури Русия барқияи табрикотиро ба роҳбарон ва шаҳрвандони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Абхазия, Осетияи ҷанубӣ ва мардуми Гурҷистону Украина фиристодааст”, - омадааст дар итттилоя.

Путин таъкид кардааст, ки дар кишварҳои мо хотири қаҳрамонҳоеро, ки бо ҷонфидоияшон дар ҷабҳаю ақибгоҳ барои пирӯзӣ бар фашизм кумак карданд, муқаддас пос медоранд. Раисиҷумҳури Русия ин пирӯзиро дастоварди бузурги муштарак хондааст.

“Вазифаи муқаддаси насли феълӣ абадан пос доштани хотираи онҳое мебошад, ки бо қурбониҳою талафоти беҳисоб хоки Ватанро ҳифз карданд ва ғамхорӣ дар ҳаққи собиқадорон мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Раисиҷумҳури Русия ба ҳамаи собиқадорони ҶБВ, партизанҳо ва меҳнаткашони ақибгоҳ изҳори сипос карда, саломатию хушбахтӣ таманно намудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ