20:49 05 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
411 0 0

Дмитрий Песков, сухангӯи раиси ҷумҳури Русияро барои табобат аз коронавирус ба беморхона интиқол додаанд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков мубталои КОВИД-19 шудааст, гузориш медиҳад РИА Новости.

Ӯ феълан дар беморхона асту ин хабарро шахсан таъйид кардааст.

"Бале, ман мубталои коронавирус шудам ва табобат мегирам", - гуфтааст вай.

Ҳамсари сухангӯ, Пескова Татяна Навкаро низ бо нишонаҳои коронавирус ба бемористон бистарӣ кардаанд.

Ӯ низ дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки таҳти муроқибати пизишкон ва вазъаш хуб аст.
"Ман қариб ки дар ду рӯз ба худ омадам. Феълан тасб ҳам надорам. Мегӯянд, ки занон ин маризиро сабук мегузаронанд ва шояд ин гуфтаҳо аз ҳақиқат дур нестанд. Дмитрий Сергеевич низ таҳти назорати табибон ва вазъаш хуб аст. Таобат мегирем", - афзудааст ҳамсари Песков.

Татяна , қайд кардааст, ки шояд ӯ аз Песков сироят ёфт, зеро ҳамсараш корро идома медод.

Ёдрас мешавем, пештар овозаҳо дар бораи эҳтимоли мубтало шудани Дмитрий Песков ба коронавирус ҳанӯз моҳи март паҳн шуда буданд.

Ӯ дар ҷашни зодрӯзи  Игор Крутой иштирок дошт, ки дар он ҷо ҳунарманди мардумӣ Лев Лешенко, ки мубтало ба коронавирус будааст, иштирок дошт.

Он вақт Песков гуфта буд, ки бо Лешенко аз наздик сӯҳбат надошт.

Пештар сарвазири Русия Михаил Мишустин низ ба КОВИД-19 мубтало гашта буд. 

 

Мавзӯъҳои асосӣ