09:11 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2980 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси парлумони Тоҷикистон дар номае аз тамоми нафароне, ки дар марги додараш ғамшарик гаштанд, изҳори миннатдорӣ кардааст. Ӯ дар ин нома коронавирусро вабо номидааст

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанеб ва яке аз чеҳраҳои номии сиёсат дар Тоҷикистон дар номае дар саҳифаи фейсбукиаш аз нафароне, ки дар марги додараш Нуриддин Маҳмудов ғамшарик буданд, сипосгузорӣ кардааст.

Ёдрас мешавем, додари 64-солаи сиёсатмадор 8 май расман аз бемории илтиҳоби шуш ва тибқи хабарҳои дарёфтӣ дар пайи сирояти вируси корона даргузашт.

"Хоҳарону Бародарон, Дӯстон ва Ҳамватанони арҷманд!!! Ба якояки Шумои гиромӣ барои заҳматҳоятон дар робита ба ғамшарикию тасаллии бемислатон, нисбати даргузашти Додари ҷонам миннатдории амиқу беназиру бениҳояти худро изҳор мекунам", - менависад ӯ.

Убайдуллоев дар ин номааш коронавирусро вабо номидаву таманно кардааст, ки онро "Парвардигор нобуд созад".

"Аз Парвардигори оламиён таманно менамоем, ки Шумо, аҳли Оилаатону Оламиёнро ҷовидона дар паноҳи бегазанду беолоишашон нигаҳбон бошад ва ин ваборо аз дунё нобуду пок созад", - афзудааст Убайдуллоев.

Раҳмон аъзои нави Маҷлиси миллиро таъйин кард: Убайдуллоев нест

Соли гузашта ҳамсари собиқ раиси Маҷлиси Миллӣ нобаҳангом даргузашта буд.

Мавзӯъҳои асосӣ