18:39 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
56210

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар қайд карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намуд

ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки аввалин бор дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.

Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти машварат вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи вазифаҳои авлавиятноки СҲШ оид ба мубориза бо ҳамагирии бемории сироятии коронавирус мубодилаи муфассали афкор намуда, абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани паёмадҳои таъсири манфӣ ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои "оилаи СҲШ"-ро муҳокима кардаанд.

Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин на видеоконференции стран ШОС
Глава МИД Таджикистана Сироджиддин Мухриддин на видеоконференции стран ШОС

Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъсири манфии ҳамагирии ҷаҳониро ба нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон қайд карда, масъалаи коҳиш додани талафоти даромади буҷети ҷумҳуриявиро матраҳ намудааст.

Муҳриддин ҳамчунин ба ҳамтоёни худ дар бораи дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамагирӣ, пеш аз ҳама зарурати таъмини имкониятҳои транзитию коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ, инчунин таъминоти таҷҳизоти тиббӣ ва доруворӣ  маълумот додааст.

Дар суханрониаш вазир ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардааст. Дар ин росто вазир чолишҳо ва таҳдидҳои аз Афғонистон барояндаро матраҳ карда, зарурати таҳкими бештари сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро таъкид намудааст.

Дар рафти машварат вазирон нақш ва ҷойгоҳи СҲШ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалиро баррасӣ карда, дар бораи аҳамияти дар сатҳи шоиста таҷлил намудани Ғалаба дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 75–умин солгарди таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар карданд.

Роҳбарони ҳайатҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ ва дигар чорабиниҳоро дар чаҳорчӯби раёсати Федератсияи Русия дар СҲШ баррасӣ намуданд.

Аз натиҷаи машварат Изҳороти вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар робита ба паҳншавии коронавирус (COVID-19) қабул гардид.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
Барчаспҳо:
вазир, вазъият, мушкилот, Сироҷиддин Аслов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ