20:56 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.16
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
256810

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба изҳороти ҷониби Чин, ки ваксинаи коронавируси навро ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон медиҳад, баҳои баланд дод

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Нимаи дуюми имрӯз раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом дод, гузориш медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Дар ин муколама, ҷонибҳо баъзе ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин роҳҳои рушду густариши онҳоро баррасӣ кардаанд.

"Аз ҷумла, аҳаммияти идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати таҳкими ҳамдастии ҷонибҳо, пешбурди фаъолонаи масъалаҳои калидии ҳамкории дуҷониба ва татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомада, инчунин, пайдо намудани шаклҳои нави ҳамкориҳои ду кишвар ва тавсеаи онҳо дар арсаҳои мухталиф, бо шумули соҳаҳои тиб, дорусозӣ, технологияҳои нав ва навоварӣ, таъкид гардид", - менависад манбаъ.

Дар рафти сӯҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Ҳашт намуд: Чин барои озмоиши ваксин алайҳи коронавирус довталабон меҷӯяд

Манбаъ афзудааст, дар ин зимн ба равандҳои ташвишовари афзоиш ёфтани зуҳуроти бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ чун натиҷаи паҳншавии фарогири пандемияи коронавирус диққати махсус дода шуд.

"Тадбирҳои амалии аз ҷониби ду давлат андешидашаванда, ки ба мубориза бо “Ковид-19”  ва паст кардани шиддати таъсири манфии пандемия ба низомҳои миллии иқтисод ва тандурустии ҷонибҳо  нигаронда шудаанд, инчунин мавриди баррасӣ қарор доштанд", - афзудааст котиботи президент.

Си Ҷинпин таъкид кардааст, ки кишвараш ваксинаи коронавируси навро, ки ихтироъ хоҳад кард, ният дорад дастраси тамоми ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон гардонад.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин изҳороти роҳбари Чин баҳои баланд дода, ба кӯмаки башардӯстонаи кишвар ба Тоҷикистон изҳори сипос кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ