Рустами Эмомалӣ хостори тағйироти кадрию корӣ дар парлумон шуд: муҳлат – 1 моҳ

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи дуюми палатаи болоии парлумон таҳти роҳбарияш хостори тағйироти кадрию корӣ дар ин ниҳод шуд

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласа таъкид кард, ки на ба шумораи лоиҳаҳои қонунҳо, балки ба мазмун ва сифати онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов - Sputnik Тоҷикистон
“Рӯзи бузург”: сафир дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Русия

“Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки барои интихоб ва ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавону болаёқат ва донандагони забонҳои хориҷӣ ҳарчи зудтар озмуни интихоби кадрҳоро эълон карда, қабул ва ҷобаҷогузории онҳо тибқи тартиби муқарраргардида роҳандозӣ карда шавад”, - изҳор дошт Рустами Эмомалӣ.

Ӯ ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дод, ки бо мақсади муайян намудан ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони Дастгоҳ аттестатсияи навбатӣ гузаронида, барои аз нав ҷо ба ҷо кардани кадрҳо дар муддати як моҳ пешниҳодҳои асоснок манзур намояд.

“Омӯзиши вазъи таъмини хизматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ, итилоотӣ ва молиявию техникии Маҷлиси миллӣ собит менамояд, ки барои мукаммал гардонидани низом ва фаъолияти сохторҳо зарурати дар шакли нав таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш омадааст”, - илова намуд ӯ.

Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки дар муддати ду моҳ санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар таҳрири нав таҳия ва барои қабул пешниҳод карда шаванд.

Лентаи хабарҳо
0