05:08 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
854 0 0

Михаил Мишустин аз мобайнҳои моҳи январ бо қарори кишвардори Русия ба симмати сарвазири ин кишвар такя зад

ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар мусоҳибааш бо "Россия 24" аз сироят шудани худ ба коронавирусу шифо ёфтан ва ҳамчунин аз эҳтимолияти мавҷи дуюми ин маризӣ ҳарф зад.

Омадан сари мансаб ва зуҳури пандемия

Ба изҳори Михаил Мишустин пешниҳоди такя задан ба мақоми сарвазири Русияро ба ӯ худи Владимир Путин намуда буд ва аз ӯ тақозо мекард, то ҳамаи супоришҳое, ки назди ҳукумат вогузошта шуданд, иҷро карда шаванд.

"Агар дилхоҳ нафар ба ҳукумат барои кор кардан равад, ва муҳим аз ҳама агар ба ҳайси сарвазир шурӯъ ба кор мекунад, қаблан тамоми мушкилоти ин коро пай намебарад. Маро ба ин симмат худи раисҷумҳур пешниҳод намуд ва ҳадафаш иҷро шудани тамоми супоришҳое, ки дар паёми охиронаш ба ҳукумат ироа карда буд", - изҳор дошт Мишустин.

Сарвазир гуфт, пандемия ба кори ҳаррӯзаи ҳукумат таҳаввулоти ҷиддӣ ҷорӣ кард. Зеро ҳамарӯза бо дигаргун шудани вазъият вобаста ба паҳншавии ин маризӣ, ҳукумат низ қарору раванди корашро тағйир медод.

"Ин кор барои мо осон набуд, вале то ҳадде кӯшиш кардем, онро сомон диҳем ва қазоватро бояд худи мардум кунанд", - илова намуд ӯ.

Бо вуҷуди ин, сарвазири Русия аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки натоиҷи Русия дар мубориза бо маризии коронавирус дар ҷаҳон яке аз беҳтаринҳост.

"Ҳам аз лиҳози теъдоди ками талафоти ҷонӣ ва ҳам аз лиҳози озмоиши тестӣ, ки ҳоло наздики 100 адад дар Русия шумурда шудаанд", - таъкид кард Мишустин.

Муталошавӣ ба коронавирус

Сарвазири Русия Михаил Мишустин низ мубталои коронавирус гардид. Ӯ дар мусоҳиба изҳор намуд, ки сарчашмаи маризии худро то ҳол пайдо накардааст, "намедонам дар куҷо ин вирус маро дарёб кард".

Сарвазир аз раванди шифоёбӣ аз ин маризӣ ҳарф зада гуфт, ки он бисёр тӯлонист.

"Дар мавриди суръати барқароршавӣ - дар ин ҷо ба шумо мегӯям, ки ин як қиссаи душвор аст. Бале, мутаассифона, табларзаи баланд буд, аммо оне, ки ман гӯё аз ин маризӣ зуд сиҳат шудам  ин комилан дуруст нест. Душвор буд. Замоне, ки худро хуб ҳис кардам, фавран ба кор баргаштам", - шарҳ дод ӯ.

Мишустин таъкид кард, ки ин вирус байни мансабдору нафари оддӣ фарқ намегузорад, ҳамаро домангир мешавад. Ӯ саҳми пизишкони русро дар барқарор шудани саломатии худ аз ин беморӣ махсус таъкид кард ва гуфт:

"Кош тамоми табибони ҷаҳон мисли пизишкони рус содиқона кор кунанд".

Зимнан, сарвазир гуфт, ки мавҷи дуюми ин маризӣ шояд тамоман сар назанад. Ба боварии ӯ, агар талабу супоришҳои пизишкон ва масъулини Роспотребнадзорро риоя кунем, пас мавҷи дуюми ин маризӣ нахоҳад сурат гирифт. Ҳамчунин феълан раванди коҳиш ёфтани сироятшавии ин маризӣ мушоҳида мешавад.

Орзуи кӯдакӣ

Мишустин иқрор шудаст, ки орзуи пизишк шуданро дошт.

"Модарам ҳамшираи шафқат бо таҷрибаи калони корӣ аст. Ман аз хурдӣ дар иҳотаи духтурон калон шудам ва худ низ орзуи табиб шуданро доштам. Ҳатто қабл аз кор дар Хадамоти гумрук хостам ба Донишгоҳи тиббӣ хуҷҷат супорам", - бо ёдоварӣ изҳор дошт ӯ.

Фориғ аз кор

Михаил Мишустин аз сарбории аъзои ҳукумат дар замони пандемия гуфт ва изҳори умед баст, ки замоне мерасад, вақти холигӣ ҳам пайдо мекунему ба варзиш машғул мешавем.

"Пандемия ҳаёти моро комилан дигаргун кард. Раисҷумҳур Владимир Путин ҳатто дар баъзе вақтҳо ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад ва ҳамаи зердастони ӯ низ 24/7 машғули коранд. Вақти холигӣ албатта пайдо мешавад, аммо ниҳоят кам", - тавзеҳ дод сарвазири рус.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (684)
Барчаспҳо:
мусоҳиба, Русия, сарвазир

Мавзӯъҳои асосӣ