13:58 28 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
42910

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Александр Лукашенко дар иртибот ба ғолибияташ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикотӣ ирсол намуду бо ӯ телефонӣ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко телефонӣ суҳбат карда ӯро ба муносибати ба мақоми президентӣ интихоб шудан, муборакбод гуфт.

"Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманди муҳтарам Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид карданд", - омадааст дар хабарнома.

Дар зимн зикр гардид, ки ба шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории гуногунҷанбаи ду давлат имрӯз ба таври муваффақона дар сиғаи шарикии стратегӣ густариш ёфта истодааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Александр Лукашенко дар иртибот ба ғолибияташ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ик дар он омадааст:

"Александр Григоревичи гиромиқадр, лутфан самимонатарин табрикоти моро ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади давлатии олии Ҷумҳурии Беларус қабул фармоед.

Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд.

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, то фаъолияти муштараки анҷомёфтаи моро ҷиҳати тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Беларус, ки имрӯз дар сиғаи шарикии стратегӣ ба таври муваффақона густариш ёфта истодаанд, зикр намоям.

Мо нисбати ояндаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду давлат дидгоҳи неку умедбахш дошта, вазифаи асосиро барои давраи пешомад дар ғанигардонии самарабахши онҳо бо намунаҳои созандаи ҳамкориҳо бар нафъи мардумонамон мебинем.

Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам".

Мавзӯъҳои асосӣ