12:20 25 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1361 0 0

Дар ҳоле, ки таъйини интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи октябр дар доираи коршиносон баҳсе барангехтаст, Маҳмадалӣ Ватанзода, собиқ ёвари раисиҷумҳур ва феълан ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон сабаби интихоби ин санаро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Ватанзода, ки санаи баргузории интихоботи президентӣ дар Тоҷикистонро 11 октябр пешниҳод карда буд, 4 далели  худро ироа кард.

Ӯ тавзеҳ дод, ки  дар баробари ташкили дурусти интихобот, шароитҳои мувофиқ, аз ҷумла боду ҳавои мусоид зарур аст.

“Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки моҳҳои сентябр ва аввали октябр дар муқоиса бо моҳи ноябр нисбатан гарму бебориш мебошад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон рафтуомад ба ноҳияҳои дурдасту баландкӯҳ аз сабаби боришоти зиёд ва баъзан баста шудани роҳҳо мушкил мегардад. Дар моҳи октябр таъин намудани интихобот барои озодона гузаронидани чорабиниҳои пешазинтихоботӣ мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба раванди интихобот таъсири мусбат мерасонад”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ватанзода.

Ноиби аввали раиси Маҷлиси намояндагон, далели дуюмро паҳншавии бемори сироятии COVID-19 гуфт.

“Ба ақидаи мутахассисон суръати паҳншавии ин беморӣ дар мавсими гармтар суст ва дар мавсими нисбатан хунук бештар мегардад. Ҳарчанд вазъи кунунии эпидемияи COVID-19 дар ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дорад, мувофиқи мақсад аст, ки интихобот дар мавсими гармтар гузаронида шавад. Ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳои пешазинтихоботӣ бо риояи меъёрҳои беҳдоштӣ баргузор гарданд ва хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ пешгирӣ карда шавад”, - таъкид кард ӯ.

Дар банди сеюм Ватанзода таъкид кард, ки дар аввали моҳи октябр баргузор намудани интихоботи Президент барои риояи муҳлатҳое, ки Конститутсия ва қонунгузорӣ муқаррар кардааст, ягон монеа эҷод намекунад. Чорабиниҳое, ки дар раванди интихобот бояд гузаронида шавад, имкон доранд, дар вақту давраҳои муайяншуда баргузор карда шаванд.

“Қонунгузории амалкунанда дар санаи мушаххас баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ накардааст ва барои дар дигар вақт баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон маҳдудият мавҷуд нест”, - таъкид кард Ватанзода.

Ин дар ҳолест, ки интихоботҳои пешинаи Президенти Тоҷикистон шашуми ноябр гузаронида мешуданд. Аммо Ватанзода мегӯяд, бо назардошти омилҳои номбаркардааш имсол моҳи октябр ба мақсад  мувофиқтар аст.

Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи президентӣ халқи Тоҷикистон номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Барчаспҳо:
интихоботи раисҷумҳур, президент, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ