08:43 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
444 0 0

Бино барои кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардидааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар остонаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бинои нави истиқоматӣ, ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.

"Бинои мазкур барои кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, аз 24 ҳуҷра иборат аст ва бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вахон ном ниҳоданд: ҳимояти Ҳукумат аз тағйири ном дар Ишкошим

Манбаъ афзуда, ки  Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода зимни сафари кории хеш дар вилоят ҳамроҳ бо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода аз иншооти ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намудааст.

Барчаспҳо:
хизматчиёни давлатӣ, бинои истиқоматӣ, ВМКБ, Ишкошим

Мавзӯъҳои асосӣ