03:26 02 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.15
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
178110

Раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия Владимир Жириновский дар бораи вазъи Белорус ибрози андеша намуд ва изҳороти ғайниинтизор кард

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Сиёсатмадори рус, Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия  дар шабакаи Telegram - и худ вазъи имрӯзаи Белорусро шарҳ дод.

Ӯ изҳор дошт, ки дар симои президенти кунунӣ Александр Лукашенко "охирин болшевик дар ҳудуди ИДМ меравад".

Жириновский гуфт, сиёсати Русия пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бесамарии худро нишон дод.

Пешниҳоди Жириновский: вуруди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ ба Русия боздошта шавад

"Вақти гап гузашт, бояд бо шиддат амал кард", - гуфт сиёсатмадор.

Жириновский хулоса карда гуфт, "набояд ИҶШС чун режими сиёсӣ бозгардонида шавад, балки ҳамаи манотиқи он".

"Бе ягон ҷумҳурӣ. Ҳамаи давлатҳо дар таркиби Русия",-гуфт ӯ.

Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, ҳудуд, ИҶШС (СССР), Русия, Владимир Жириновский

Мавзӯъҳои асосӣ