13:46 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
122701

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар анҷумани ғайринавбатӣ номзадаш ба мақоми президентӣ дар интихоботи 11 октябри соли равон интихоб кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, номзад ба мақоми раисиҷумҳур интихоб гардид.

Манбаъ афзуд, ки бинобар ҳамин аз  21 600 нафар аъзои ҳизб 51 нафар ба анҷумани навбатии ҳизб вакил даъват гардиданд.

Хабаргузории “Ховар” хабар додаст, ки Ғаффоров дар анҷумани ҳизб гузориш дод, ки дар тӯли 24 соли мавҷудияташ ҳизб дар тамоми равандҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, иштирок намуд.

Зикр гардид, ки номзаддии Ғаффоров солҳои 2006-2013 ба мақоми Президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, аммо муваффақ нагашт. Аммо солҳои 2015 ва 2020 раиси ҲСТ ду даъват вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  интихоб шуд.

Интихоботи раисиҷумҳури Тоҷикистон  11 октябри соли 2020, рӯзи якшанбе дар назар аст.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (29)
Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ