14:52 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
955 0 0

Президенти Белорус Александр Лукашенко аз ҳамтои русаш Владимир Путин сипосгузорӣ карда, гуфт дар кадом соҳа мавқеашон як аст

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Александр Лукашенко гуфт, каме таваққуф кард, то дар он давраи шадид миёни мардум даргирӣ нашавад. Ба гуфти ӯ ҳаводиси имрӯзаи Белорус ба Русия алоқамандӣ дорад.

Дар мусоҳиба бо RT президенти Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки фикри ӯ дар бораи ҳаводиси кишвар бо ҳамтои русаш Владимир Путин як аст.

Ҳамгоми посух гуфтан ба саволи рӯзноманигор президент шарҳ дод, чаро таваққуф кард.

"Росташ ман медонистам, ки чунин мешавад. Ман дар он замони шадид аз даргирӣ тарс доштам. Ман ҳарос доштам, ки мардум осеб мебинанд. Барои ҳамин мо каме таваққуф кардем, шояд каме аз ҳад гузаронидем... Моро ин ҷо заҳр медиҳанд, то пасон ба Русия ҳуҷум кунем, ин трамплине аст ва мо бояд онро нобуд кунем - ин фикри ману Путин аст", - гуфт Александр Лукашенко.

Лукашенко ба назди мардум баромад - президент чӣ гуфт?

Интихоботи президентӣ дар Белорус 9 август доир шуд. Бино ба гузориши КМИ дар ин раъйдиҳӣ 5,8 миллион нафар ширкат кард.

Бар асоси эълони натоиҷи  интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани 80,23% овозҳо пирӯз шуд.

Барчаспҳо:
сипосгузорӣ, Владимир Путин, Александр Лукашенко

Мавзӯъҳои асосӣ