15:12 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
630 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш шодбош гуфт. Лукашенко имрӯз 66-солагияшро таҷлил мекунад.

"Дар чорчӯбаи суҳбат ҷонибҳо як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар иттилоия.

Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои назарраси Ҷумҳурии Беларусро тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар роҳи рушд ва бунёди давлатдорӣ қайд карда, ба мардуми дӯсти Беларус сулҳу суботи пойдор, некӯаҳволӣ ва пешрафти босуботи минбаъдаро орзу намуд.

Ҳамчунин,  аҳаммияти рушди беш аз пеши ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қайд карда шуд ва президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи онҳо бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Барчаспҳо:
табрикот, зодрӯз, Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Белоруссия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ