Зиндагинома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии Усмонзода: довталаби курсии президенти Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Демократической партии Саидджафар Усмонзода
Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳизби Демократии Тоҷикистон раиси худ Саидҷаъфар Усмонзодаро номзад ба интихоботи президентӣ пешбарӣ кард

Санаи 11октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Ҳизби Демократии Тоҷикистон номзади худро дар ҷаласаи ғайринавбатӣ муаррифӣ кард. Раҳбари он Саидҷаъфар Усмонзода якдилона барои намояндагӣ аз ҳизб интихоб шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода 4 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуда, падару модараш муаллимони оддӣ буданд.

Номзад ба мақоми президентӣ соли 1977 мактаби миёнаи маҳаллии №5 ба номи Калининро хатм кардааст.

Пас аз мактаб, Усмонзода ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудаву онро бомуваффақият ҳамчун иқтисоддон хатм кард.

Фаъолияти меҳнатии Саидҷаъфар Усмонзода

Усмонзода пас аз хатми донишгоҳ аз рӯи ихтисоси худ ба кор оғоз кард. Соли 1983 иқтисодчии Бонки сохтмонии Қӯрғонтеппа шуд.

Инчунин, дар тӯли ин солҳо ӯ ба ҳайси раиси кооперативи истеҳсолии “Хатлон” дар минтақаи Ховалинг, инчунин дар Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон низ кор кардааст.

Сипас, соли 1997 роҳбари Иттифоқи ҷавонони Душанбе ва соли 1999 - роҳбари ҳайати БМТ таъин карда шуд.

Ибтидои солҳои 2000-ум Усмонзода вазифаи муовини директори корхонаи минтақавии хӯроквории Октябр дар шаҳри Душанберо ишғол карда ва соли 2002 ба вазифаи директори Маркази техникии Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ гузашт.

Инчунин дар соли 2002 дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон кор карда, соли 2004 сардори полиси андози шаҳри Турсунзода шудааст.

Соли 2005 ӯ муовини ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъйин шуд.

Инчунин, номзад ба курсии президентӣ фаъолона ба соҳибкорӣ машғул аст.

Карераи сиёсии номзад ба президентӣ дар Тоҷикистон

Усмонзода Сиҷафар аз соли 1984 то 1989 ба ҳайси корманди Кумитаи комсомолии шаҳр ва вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст. Сипас ӯ муддати дароз аз сиёсат дур шуд.

Бояд қайд кард, ки Усмонзода раҳбарии ҳизбро дар давраи душвортарини мавҷудияти он ба даст овардааст. Сарфи назар аз он, ки Ҳизби Демократ яке аз аҳзоби кӯҳантарин мебошад, миёнаи солҳои 2000-ум хавфи барҳамдиҳӣ таҳдид мекард.

Авохири соли 2006 Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард.

Ин пас аз боздошт ва ҳабси Муҳамадрӯзӣ Искандаров рух дод.

Сипас коршиносон қайд карданд, ки мавқеи сиёсии ҳизб ба таври ҷиддӣ такон хӯрд. Он замон ҲДТ ба ду бол тақсим шуд, ки сарварашон Саидҷаъфар Усмонзода ва Раҳматулло Валиев, муовинони раиси собиқи ҳизб буданд. Соли 2013 Вазорати адлия дар пайи санҷиши якмоҳа ва омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи ҲДТ Оинномаи нави ҳизбро ба қайд гирифт ва Саидҷаъфар Усмонзодро ба ҳайси раиси ҳизб ба расмият шинохт.

Пас аз ду сол, Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳавзаи интихоботии Фархор вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Усмонзода дар интихоботи президентии соли  2013 низ номзад шуд, аммо овозҳои кофӣ ба даст наовард.

Ваъдаҳои пешазинтихоботии Саидҷаъфар Усмонзод

Роҳбар ва номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби Демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода рӯзи 23 август пешбарӣ шуд.

Дар интихобот вай таҳти шиори: "Аз мардум. Дар паҳлӯи мардум. Барои мардум." Баромад мекунад.

Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ

  • Баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизбҳои сиёсӣ, ба сохтори ҳокимияти давлатӣ дар ҳама сатҳҳо ворид кардани онҳо;
  • Баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизбҳои сиёсӣ, ба сохтори ҳокимияти давлатӣ дар ҳама сатҳҳо ворид кардани онҳо;
  • Тақвияти нақши парлумони Тоҷикистон;
  • Васеъ намудани ваколатҳои мақомоти маҳаллӣ ва намояндагони ҳукумат;
  • Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия ва қабули барномаҳо ва қарорҳои муҳими давлатӣ;
  • Кафолати риояи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва амнияти журналистон;
  • 50% кам кардани ҳама намуди пардохтҳои иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ барои аҳолӣ;
  • Ба раванди монополизатсияи тиҷорат хотима ва ислоҳоти монополияҳои табииро анҷом додан;
  • Ҷорӣ намудани монополияи давлатӣ оид ба воридоти сӯзишворӣ, хӯрокворӣ, алоқаи мобилӣ ва доруҳои зарурӣ;
  • Дастрасии хидмати ройгони тиббӣ барои оммаи васеъ;
  • Гузариш аз даъвати ҳатмӣ ба хидмати шартномавӣ;
  • Дастгирии ҳамгироӣ ва таҳкими фарҳанги гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, омӯхтани забон, урфу одатҳои миллату давлати ташаккулёфтаи тоҷик, таъмини шароити баробар барои рушди фарҳангҳои қавмҳои дигар ва ақаллиятҳои миллии кишвар;
  • Таъмини баробарии ҳуқуқҳо барои ҳама эътиқодоти динӣ дар асоси эътирофи озодии виҷдон ва эътиқод;
  • Риояи принсипҳои демократии муносибатҳои дин ва давлат.
Лентаи хабарҳо
0