04:04 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
146 0 0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвари ҳамсояи Ӯзбекистонро бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ӯзбекистон, ки 1 сентябр таҷлил мешавад ба унвони кишвардор Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Ӯзбекистон.

Раҳмон ба Мирзиёев саломатии бардавом, хушбахтӣ ва комёбӣ таманно карда ба мардуми Ӯзбекистон сулҳу субот орзу намудааст.

"Дар тӯли солҳои истиқлолият Ӯзбекистон роҳи тӯлонии давлатдориро тай намуда, дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини некӯаҳволии мардум ва мустаҳкам намудани нуфузи байналмилалии худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид", - омадааст дар нома.

Президенти Тоҷикистон дар идомаи номаи худ аз дигаргуниҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ӯзбекистон гуфтааст.

"Тақвият ва тавсеаи пайвастаи муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба ҳамеша муҳимтарин ҷузъи сиёсати хориҷии Тоҷикистон буд ва мебошад.

Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо саъйи муштараки ҷонибҳо ҳамкории пурсамари байнидавлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар тамоми соҳаҳо бемайлон рушд карда истодааст.

Боварӣ дорам, ки дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эҳтиром ва эътимоди тарафайн минбаъд низ шарикии стратегии ду кишварро ба нафъи халқҳои бародарамон ба манфиати таъмини сулҳ, субот ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созанда дар минтақаи худ таҳким хоҳем дод", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Барчаспҳо:
табрикот, истиқлол, Шавкат Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ