Раисе, ки президент танбеҳ дода буд: Сафарзода Раҳматулло бо медал қадрдонӣ шуд

© КҲФМедал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тақдим шуданд
Медал ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тақдим шуданд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бо медали "25 - солагии таъсисиёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, медалро ба раиси ноҳияи Хуросон ба муносибати  пурра сохта, ба истифода додани хонаҳои истиқоматии шаҳрвандоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, супорида шудааст.

"Аз номи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Хуросон медали “25 - солагии таъсисиёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим гардид", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин, роҳбарони ташкилоту идораҳои ноҳия, ки дар бартарафкунии офатҳои табиӣ саҳми сазовор гузошта буданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон раиси ноҳияи Хуросонро танбеҳ дод

Ҳамзамон бо ифтихорономаҳои раиси ноҳияи Хуросон муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник М. Салимзода, сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон полковник С. Исозода ва як қатор хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайруллоро барои аз кор сабукдӯш кардани раиси кумитаи занони ноҳия Зиёда Салимова, танбеҳ дода буд.

Он замон расонаҳо навишта буданд, ки сабукдӯш гардидани Салимова пас аз ҳунарнамоии дойранавозон дар маросими истиқболи президенти Тоҷикистон, сурат гирифта буд.

Хадамоти матбуотии президент навишта буд, сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд.

"Дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд. Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Саломова Зиёда Алматовнаро дар таърихи рӯзи 11.08.2017 аз вазифа сабукдӯш намудааст. Новобаста ба ин, Саломова Зиёда ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.08.2017 ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш "танбеҳ" дода шуд", - гуфта буд котиботи раисиҷумҳур.

Раҳмон раиси ноҳияро сарзаниш карду раиси занони Хуросонро ба вазифааш барқарор кард

Лентаи хабарҳо
0