Генерал Ато Муҳаммад Нур Истиқлоли Тоҷикистонро муборакбод гуфт

© AP / Massoud HossainiГубернатор провинции Балх Ата Мохаммад Нур, архивное фото
Губернатор провинции Балх  Ата Мохаммад Нур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиёсатмадори афғонистонӣ Ато Муҳаммад Нур Истиқлоли Тоҷикистонро ба мардумаш шодбош гуфт. Ӯ кишварро яке аз бародарони наздики Афғонистон номид

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik.  Генерал Ато Муҳаммад Нур, яке аз чеҳраҳои машҳури сиёсати Афғонистон 29-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистонро ба мардуми кишвар шодбош гуфтааст.

Номаи табрикотии Нур дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст.

"Бисту нуҳумин солгарди Истиқлоли кишвари дӯст ва ҳамзабон Тоҷикистон бар ҳамаи шаҳрвандони азизи ин кишвар муборак", - навиштааст вай.

Генерал Тоҷикистонро ҳамсояи наздику бародари Афғонистон хондааст, ки амн ва шукуфон аст.

"Тоҷикистон аз солҳои дур ҳамкор, бародар ва ҳамсояи неки Афғонистон буда ва муштаракоти фаровони забонӣ ва фарҳангӣ бо Афғонистон доштааст. Ин кишвари дӯст ва бародар паллаҳои тавсеаёфтагиро босуръат тай карда ва ба кишвари амн ва шукуфон табдил ёфтааст", - афзудааст Ато Муҳаммад.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Путину Трамп раисҷумҳури Тоҷикистонро табрик карданд

Донишномаи "Википедия" аз Ато Муҳаммад Нур ҳамчун яке аз бойтарин шаҳрвандони Афғонистон ёдрас мешавад. Бино бар иттилои манбаъ, ӯ яке аз роҳбарони тоҷикони Афғонистон буда, қариб пурра шимоли кишварро идора мекунад.

"Феълан артиши шахсии Нур 60 000 ҷангиро ташкил медиҳад, ҳамчунин вай се гурӯҳи қавии 12 000 пулис дорад", - менависад манбаъ.

Ато Муҳаммад Нур соли 1965 дар Мазори Шарифи Балхи Афғонистон дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Лақабаш "устод" ва "шоҳи шимол" аст.  То соли 1979 дар мактаб муаллим шуда кор мекард ва баъди ворид шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ба муҷоҳидон дарс медод ва сипас узв ва қумандони ҳизби Ҷамоати исломӣ гардид.

Соли 1992 бо Рашид Дӯстум пайваста, соли дигар ҳаракати ташкилкардаи Дӯстумро тарк кардааст.

Охири солҳои 1996 қумандони зиддитолибони Иттиҳоди исломии наҷоти Афғонистон бо роҳбарии Аҳмашоҳ Масъуд дар музофоти Балх хидмат кардааст.

Аз соли 2002 роҳбари музофоти Балх аст.

Лентаи хабарҳо
0