20:56 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
32510

Намои хабарии рӯзҳои охир бо русбезории хушунатомезаш аёнан ҳаводиси солҳои 2014-2015-ро ба хотир меорад, ки он замон Ғарб маъракаи шадиди зиддирусиро дар миқёси ҷаҳонӣ роҳандозӣ карда буд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҷои тааҷҷуб нест, ки дар ҳодисаҳои феълӣ бисёриҳо давоми он равандҳои пешин ва як даври нави муқобилати шадид байни Русия ва абарқудратҳои ғарбиро мебинанд. Барои бархе ин шояд махсусан аламовар бошад, чун солҳои охир коҳиши шиддат дар муносибот ба назар мерасид. Зоҳиран нав ҳаводис каму беш ба маҷрои худ баргаштанду акнун боз ҳама аз сар.

Лозим аст мутаассиронро дилбардорӣ кунем: сарфи назар аз монандии зоҳирӣ, ҳодисаҳои ҳозира ва ҳодисаҳои миёнаи даҳсола аслан фарқ доранд.

Дар панҷ-шаш соли охир низоми ҷаҳонии сиёсӣ тағйироти калон ёфт. Дар миёнаи солҳои 2010 дунё дар низоми тасаллути ғарбии Pax Americana, бо сардории ИМА ҳамчун давлати абарқудрат, зиндагӣ мекард. Ва агарчанде ки дар он замон ин низом аллакай бо воқеаҳои муҳими бӯҳронӣ дучор шуд, дар умум устуворӣ ва беинтихобии он бе ягон шубҳа буд.

Аслан, маҳз талоши Ғарб барои кам кардани мушкилоти рӯзафзунаш, таҳкими тавонии рӯ ба заъф ва ҳамзамон нобуд кардани рақиби густоху худбовар аз сабабҳои аслии низоъ атрофи Украина ва мухолифати шадид бо Русия буданд.

Дар он ҳол Русия ҳадафи асосии Ғарб шуд ва муттафиқона алайҳи кишвари мо баромаданд. Ғазаби сиёсатшиносони ғарбӣ, айбдоркуниҳои бедалели ботил, силсилаи баёнияҳои зиддирусӣ дар воситаҳои ахбор ва таҳримҳо — мақсади таслимшавии геосиёсии мукаммали Маскавро доштанд. Дар байни дигар чиз ин барои мубаддил кардани рақиби мағлубро ба сарчашмаи захираҳо барои мусоидат ва давомдиҳии ҳукмронии худро роҳ хоҳад дод, яъне он чизҳоро, ки баъд аз шикасти Иттиҳоди Шӯравӣ шуданд, такрор кунанд.

Аммо Русия на танҳо истодагарӣ кард. Бо ин он зарбаи сахт ба низоми ҷаҳонии сиёсӣ расонд, ба хотири давом додани мавҷудияташ хама ин чиз барпо карда буд.

Акнун мо дар тамоман дигар дунё зиндагӣ карда истодаем.

Ба гумон, ки шароити ҳозира — ҷонкании низом аст, аммо дар бораи бӯҳронаш аллакай гап задан мумкин аст. Тавсифи асосии марҳалаи муосир тезутундшавӣ дар худи Ғарб мебошад. Гап на танҳо дар бораи тезутундшавии муносибатҳо байни кишварҳо (Британияи Кабир ва Иттиҳоди Аврупо, Олмон ва ИМА ва ғайра) аст, балки дар бораи афзоиши низоъи иҷтимоӣ-сиёсӣ байни давлатҳои ғарбӣ.

Ғарби коллективие, ки шаш сол пеш зидди Русия баромад кард, дар ҳақиқат дигар мавҷуд нест. Дар миёнаи солҳои 2010 ба ҳадафҳои худ нарасида, акнун Ғарб худаашро несту нобуд карда истодааст. Ва рӯзномаи сиёсати хориҷӣ аз ҷанги байнихудии дохилӣ ташкил шуд. Қуллаи ин, бешубҳа, қазияҳое, ки дар ИМА воқеъ шуданд, мебошад — ҳамроҳ бо бетартибиҳои кӯча ва маъракаи интихоботи президентии беҳад бешарафона ва на фақат онҳо.

Қазияи заҳролудкунии Алексей Навалний — аввалан, изҳори муборизаи шадиди сиёсии дохилии Олмон мебошад, ки байни ҷузъи глобалӣ-амрикоӣ ва ҷузъи миллии баргузидагони олмонӣ барои ояндаи “Ҷараёни шимолӣ-2” воқеъ буд. Расо ин ҳам, хайр бо авҷи пасттар, дар атрофи ширкати хитоии “Huawei” ё ҳамкории Аврупо бо Эрон содир шудааст.  

Дар ҳақиқат он қувваҳои ғарбие, ки ҳозир ҳаққи худро барои истиқлолият муҳофиза мекунанд, ба дом афтидаанд, ки дар вақти ягонагии Ғарб ба вуҷуд оварда буд. Он вақт Ғарб “давлатҳои радди маърака”-ро зер мекард ва онҳоро дар пропагандаи худ ҳамчун шайтоне, ки ба ҷинояткунӣ омода аст.  Ин ҳақиқати баҳснопазир шуд.

Дар хулоса ҳозир ягон қувваи сиёсии Ғарб имконият надорад рӯирост изҳор кунад, ки ба натиҷаҳои таҳқиқоти лабораторияи бундесвер дар бораи заҳолудкунии блогери рус бо заҳри “Новичок” боварӣ надорад, то вақте ки озмоиши таҳқиқоти кушода бо иштироки тарафҳои манфиатдор гузаронида шавад. Ҳамчунин онҳо наметавонанд ошкорона дар бораи мақсади “Хитои коммунистӣ”-е, ки барои зердаст кардани дунё бо воситаи назорати шабакаҳои 5G, эълон кунанд.

Ҳадди аксар —  ин суханпардозии муҷмал ва аз пушти он муборизаи шадиди пинҳонӣ мебошад. Аз он ҷумла мубориза ба кӯшишҳои мамониат ба саноати Олмон, ҳамин ҳамчун натиҷаи дасткашӣ аз қубури нави газ мешавад.

Бояд хотиррасон кунем, ки ҳатто дар аҳволи бади мубориза бо Русия дар миёнаи солҳои 2010 Ғарб чораҳои қатъиро надид. Таҳримҳои татбиқшуда ба Маскав хеле сахт расиданд, аммо зиёд аз ин не.

Лекин онҳо дигар қарорҳои дарднокро ҳам доштанд. Масалан қатъкунӣ аз системаи SWIFT дар ҳақиқат зарбаи сахттарин ба иқтисоди Русия мезад. Аммо онҳо инро ба кор набурданд — бешубҳа на барое ки касе ба Маскав дилсӯзӣ кард. Ғарб ғами худашро хӯрд: чи қадаре, ки зарба сахт аст, ҳамон қадар ҷавоб дода мешавад — қатъкунии иқтисоде, ки яке аз 10 иқтисодиётҳои боқувваттарини ҷаҳон мебошад, аз системаи алоқаи молиявии байналмилалӣ ҳамчун сабаби аз даст додани маблағҳои зиёд мешуд. Тасдиқ карданд, ки бе ин ҳам мешавад.

Натиҷа ошкор аст: нашуд.

Акнун ҳатто аз рӯи нақшаи бад, ҳамчун дасткашӣ аз “Ҷараёни шимолӣ-2” ё қатъи кори умумии ширкати “Huawei” дар Аврупо, ин барои Русия ва Хитой бӯҳронӣ намешавад.

Аммо ин барои тамоми соҳаҳои иқтисодии миллии ғарбӣ фалокатовар мешавад ва бинобар ин барои аксарияти баргузидагоне, ки ба онҳо вобаста тараққӣ карданд.

Чандин бор қайд карда буд, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ — аз ҳама ҷангҳои бераҳмонатарин мебошанд. Панҷ сол пас, дар ҳолати бади мубориза бо Русия, давлатҳои Ғарб чораҳои беамонро надид.

Гӯё акнун онҳо барои ба амал кардани он тайёр ҳастанд. Аммо ҳамчун ҳадафи асосӣ рақибони геосиёсӣ намешаванд (ҳатто агар ин тавр менамояд аз сабаби шиорҳои худ), балки душманони дохили кишвар нишонаҳои муҳим мешаванд.

Ғарб ба ҷанги нобудкунӣ тайёр аст. Худнобудкунӣ.

Барчаспҳо:
таҳрим, ИМА, Ғарб, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ