21:18 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
506 0 0

Намояндагони панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳар кадоми онҳо барои сабти номи номзадҳо ба интихоботи 11 октябр беш аз 260 ҳазор имзо ҷамъ оварданд

ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Намояндагони ҳизбҳои Демократ , коммунист, сотсиалист, кишоварзӣ ва Халқӣ- Демократӣ эълом карданд, ки беш аз 260 ҳазор имзои  мавриди ниёз барои сабти номи номзадҳои хешро ҷамъоварӣ кардаанд, иттилоъ додааст сомонаи хабаргузории “Парстудей”.

Бино бар иттилои манбаъ, намояндагони ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳануз теъдоди имзои  ҷамоварӣ шуда барои сабти номи Рустам  Раҳматзода  раиси ин ҳизб ва намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистонро эълом накардаанд.

Токунун раисони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон ба унвони номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шудаанд, ки ҳамагии онон ба ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон  намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ ҳастанд.

Бар асоси гузориши камиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, то рӯзи 15 сентябр  асноду мадорики номзадҳо барои сабти ному эътоии муҷаввизи ширкати онон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ 11 октябри баррасӣ хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
президентӣ, интихобот, ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагон, ҷамъоварӣ, имзо, ҳизб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ