Омодасозии лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Фаластин

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, имрӯз бо Луай Исса, сафири Фаластин дар Тоҷикистон мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, зимни мулоқот ҳамкорӣ ва муносибатҳо  миёни Тоҷикистон ва Давлати Фаластин баррасӣ гардидаанд. Таъкид шудааст, ки муносибот дар ҳоли рушд қарор доранд ва Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. 

Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
КОВИД-19 дубора авҷ мегирад? вазъи ваҳими эпимедиологӣ дар Аврупо

Раиси Маҷлиси намояндагон аз таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин ёддовар шуда, хостори бештари ҳамкориҳо шуд.

Сафири Фаластин, Луай Исса аз раванди ободонию шукуфоиҳои кишвари Тоҷикистон ёдовар шуда, махсус таъкид намудааст, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем. 

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, ҷонибҳо ҳамчунин аз омода гаштани лоиҳаи 20 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд.

“Ин маҷмӯи  санадҳо Созишномаҳое мебошанд, ки 7 тои он дар арафаи тасвиб буда, 6 санади дигар мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад”, омадааст дар иттилоия.

Маҳмадтоир Зокирзода, изҳори боварӣ кардааст, ки ташрифи сафири Фаластин дар густариши муносибатҳои оянда, таъмини шарикии судманди байни кишварҳоямон, хулоса дар ҳамаи самтҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаластин  саҳми арзанда мегузорад.

“Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар таҳкими муносиботи байнипарлумонии кишварҳоямон ба хотири густариш ва равнақу шукуфоии ду миллати дӯсту бародар мусоидат намоем”, - изҳор доштаст раиси Маҷлиси намояндагон.

Лентаи хабарҳо
0