21:34 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
509 0 0

Ҳаниф Атмар, сарпараст ё иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон имрӯз, 17 сентябр, вориди Душанбе шуд

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Як манбаъ дар сафорати Афғонистон дар Душанбе дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Муҳаммад Ҳаниф Атмар дар раҳбарии як ҳайати баландпояи давлатӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

"Ин ҳайат ҳаволии соати 10 вориди Душанбу шуд. Тибқи барнома, ин ҳайати Афғонистон дар раъси сарпарасти вазорати хориҷӣ ду рӯз дар кишвари ҳамсояву дӯст хоҳад буд. Ин сафар бо даъвати расмии ҷониби Тоҷикистон анҷом мешавад", - гуфт манбаъ.

Бино ба ин манбаъ, Ҳаниф Атмар дар Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, президент, Қоҳир Расулзода, нахуствазир, Сироҷуддин Муҳриддин, вазири хориҷа ва Сайидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидору мулоқот хоҳад кард.

"Дидору мулоқотҳои ҳайати Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ ва масоили марзӣ, мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, нақлиёт, сармоягузорӣ, тиҷорат, транзит ва энержӣ тахсис хоҳад ёфт", - гуфт манбаъ.

Ин аввалин сафари Ҳаниф Атмар, сарпарасти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Душанбе аст, ки пас аз таъин шуданаш ба ин вазифа анҷом мегирад.

Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ