00:06 01 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
14301

Ба гуфти раисиҷумҳур Қосим Ҷомарт Тоқаев, Қазоқистон ҳуқуқи бунёдӣ ба зиндагӣ ва шаъну шарафи инсониро татбиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Қазоқистон ба протоколи байналмилалӣ оид ба бекор кардани ҳукми қатл ҳамроҳ шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

"Қарори пайвастан ба протоколи байналмилалӣ оид ба бекоркунии ҳукми қатлро президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар суханронии худ дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ эълон кард", - омадааст дар хабарнома.

Раҳбари давлат қайд кардааст, ки Қазоқистон ҳуқуқи бунёдӣ ба зиндагӣ ва шаъну шарафи инсониро татбиқ мекунад.

Амрико ҳукми қатлро аз сар гирифт: санаи эъдоми 4 маҳкумшуда дақиқ шуд

Ёдовар мешавем, ки ҳукми қатл дар Қазоқистон бо фармони президент дар бораи ҷорӣ кардани мораторияи дахлдор дар соли 2003 қатъ карда шуд.

Ҳукми қатл: Прокурори генералии Тоҷикистон аз фикраш намегардад

Барчаспҳо:
бекор кардан, ҳукми қатл, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ