05:05 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
346 0 0

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мубтало шудани раисҷумҳури Амрико бо ҳамсараш ба маризии коронавирус, барқия ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп барқия ирсол кард, хабар медиҳад котиботи Президент.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз мубтало шудани Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ ба маризии сироятии коронавирус, нигарон аст.

Дар барқия, кишвардори Тоҷикистон дастгирии дӯстона ва холисонаи худро ба раисҷумҳури Амрико ва ҳамсари ӯ изҳор доштааст.

Трамп ва ҳамсараш гирифтори COVID - 19 шуданд

Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп ва Бонуи аввал шифои комилу оҷил, рӯҳияи қавӣ ва саломатии бардавомро таманно намудааст.

Ёдовар мешавем, хабари гирифтори коронаиврус шудани Трамп ва ҳамсари ӯ, худи президенти Амрико расонаӣ кард.

​"Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро паси сар мекунем!" - навиштааст Трамп дар Twitter.

Дар навбати худ, пизишки президент гуфт, ки вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро аз хона анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп - Хоуп Хинкс гирифтори коронавирус шудааст.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (813)
Барчаспҳо:
барқия, Доналд Трамп, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ