Натиҷаи интихобот дар Қирғизистон бекор шуд

Обуна шудан
Дар Қирғизистон натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки 4 октябр баргузор шуданду норозигии гуруҳеро дар пай доштанд, бекор гардиданд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот натиҷаи интихоботи парлумонии 4 октябрро бекор кард, хабар дод ожонси  24kg бо такя ба узви КМИ, Гулнора Ҷӯрабоева.

Участники акции протеста в Бишкеке. Протестующие аннулировать итоги парламентских выборов. - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳрдори Бишкек истеъфо дод

Ӯ илова намудааст, ки феълан дар барнома масъалаи эълони пароканда шудани Комиссияи марказии интихобот матраҳ аст.

“Бо ин маъракаи интихоботӣ мо худро бадном кардем”, - афзудаст  ӯ зимни шарҳи тасмим барои эълони худпароканӣ.

Ҷӯрабоева афзудааст, ки пеш аз муҳлат даст кашидани ҳайати КМИ аз салоҳиятҳоро беҳтарин роҳ дар шароити феълӣ медонад.

Эътирози оммавӣ дар Қирғизистон баъди эълони натиҷаҳои парлумонии 4 октябр оғоз шуданд. Иштироки овоздиҳандагон 56,5 фоиз арзёбӣ шуд.

Дар пайи ҳисоби 98 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ КМИ эълон кард, ки ба парлумон чор ҳизб "Биримдик" – “Ваҳдат", "Мекеним Қирғизистон" - "Ватанам Қирғизистон", "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" роҳ ёфтанд. Аҳзоби дигар ба гузориши КМИ натавонистанд, ҳадди 7-фоизиро убур намоянд.

Лентаи хабарҳо
0