02:01 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Дастон Ҷумабеков, раиси парлумони Қирғизистон – Жогорку Кенеш, дар ҷаласаи ғайринавбатӣ, ки дар меҳмонхона баргузор шуд, аз мақомаш истеъфо дод

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дастон Ҷумабеков дар ҷаласаи ғайринавбатии Жогорку Кенеш аз мақомаш истеъфо дод, хабар ноиби раиси парлумони Қирғизистон, Мирлан Боқиров.

Ҷаласаи парлумон дар меҳмонхонаи "Достук" баргузор шуд, чун бинои Жогорку Кенеш аз ҷониби муътаризон ғасб шуда он ҷо сӯхтор рух дода буд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар майдони Ала-Тоо баъди эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4 ноябр оғоз гардида, бо ғасби биноҳои асосии давлатии Қирғизистон анҷомид.

Дар натиҷа Комиссияи марказии интихобот натиҷаи интихоботи парлумонии 4 октябрро бекор кард, хабар дод узви КМИ, Гулнора Ҷӯрабоева.

Ӯ илова намуд, ки феълан дар барнома масъалаи эълони пароканда шудани Комиссияи марказии интихобот матраҳ аст. “Бо ин маъракаи интихоботӣ мо худро бадном кардем”, - афзудаст  ӯ зимни шарҳи тасмим барои эълони худпароканӣ.

Иштироки овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии 4 октябр 56,5 фоиз арзёбӣ шуд.

Дар пайи ҳисоби 98 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ КМИ эълон кард, ки ба парлумон чор ҳизб "Биримдик" – “Ваҳдат", "Мекеним Қирғизистон" - "Ватанам Қирғизистон", "Қирғизистон" ва "Бутун Қирғизистон" роҳ ёфтанд. Аҳзоби дигар ба гузориши КМИ натавонистанд, ҳадди 7-фоизиро убур намоянд.

Барчаспҳо:
истеъфо, интихобот, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ