03:11 20 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
254 0 0

Президенти Сурия Башор Асад гуфт, нақша дорад дар оянда бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вохӯрад

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар суҳбат бо РИА Новости аз нақшаи вохӯрӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин гуфт.

Дар ҳоли ҳозир раҳбарони ҳар ду кишвар тариқи телефон дар алоқаи доимӣ ҳастанд, гуфт Асад.

"Мо ҳамеша дар алоқа ҳастем - асосан тариқи телефон, ҳар боре, ки ҳодисае рух медиҳад, ё зарурат ба гуфтугӯ ҳаст", - гуфт раҳбари Сурия.

Ба гуфти Асад замони дидор аз вазъи сиёсии Сурия вобаста хоҳад буд. 

Вале феълан ба далели ҳамагирии коронавирус суҳбат тариқи телефон сурат мегирад.

Ногуфта намонад, ки раҳбарони Русия ва Сурия тадриқан дидору мулоқот доир мекунанд.

Башор Асад гуфтааст, ки нерӯҳои амрикоӣ бояд аз Сурия хориҷ шаванд

Ҳамин тавр, раҳбари Русия моҳи январи соли равон ба шаҳри Димишқ сафар карда, бо гурӯҳи низомиёни Вазорати дифоъи кишвар ва Башор Асад дидор кард.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябр аз оғози  кумаки Русия барои пок кардани хоки Сурия аз террористон, панҷ сол пур шуд.

Барчаспҳо:
Владимир Путин, Башор Асад, Сурия, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ