05:18 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
629 0 0

Роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари ҳаводиси ахир дар Қирғизистон бо як изҳороти дастаҷамъона ба мардум ва мақомоти ин кишвар муроҷиат кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Раисҷумҳурони Тоҷикистон, Қазоқистон, Турманистон ва Ӯзбекистон бо як муроҷиатномаи муштарак аз ҳаводиси ахир дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кардаанд, хабар дод сомонаи президенти Қазоқистон.

“Мо ҳамчун ҳамсояҳои наздик, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, арзишҳои муштараки фарҳангию маънавӣ пайванданд, аз мардуми Қирғизистон даъват менамоем, ки дар ин рӯзҳои душвор ба хотири ҳифзи сулҳ ва барқарории субот дар кишвар хиради хоси худро нишон диҳанд”, - таъкид шудааст дар муроҷиатнома, ки зери он роҳбарони чор кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо намудаанд.

Роҳбарони давлатҳо дар паёмашон изҳори умед кардаанд, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва доираҳои ҷамъиятии Қирғизистон тамоми талошашонро барои оромии ҷумҳурӣ равона хоҳанд кард.

Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков
Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев

Бетартибиҳо дар Қирғизистон баъди эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4 октябр эълон шуданд. Як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омаданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ин кишвар, дар задухӯрдҳо тақрибан 700 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳамчунин як фавт низ ба қайд гирифта шудааст.

Рӯзи 6 - и октябр Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон натиҷаи интихоботи парлумониро беътибор эълон кард.

Барчаспҳо:
Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ