23:44 21 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
274 0 0

Раиси Комиcсияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода натиҷаҳои пешакии интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Бар асоси натиҷаҳои пешакӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи рӯзи 11 октябр - 3 млн. 837 ҳазору 227 шаҳрванд ё 90,92 дарсади шаҳрвандони Тоҷикистон ҷонибдорӣ кардаанд.

Бино ба маълумоти Худоёрзода, дар интихоботи президенти Тоҷикистон аз шумори умумии 4 млн. 221 ҳазору 76 - нафар интихобкунадагон 85,39%-и интихобкунандагон ширкат карданд.

Натиҷаи интихоботи президентии — 2020 дар Тоҷикистон

Президент дар Тоҷикистон барои 7 сол интихоб мешавад.

Шарҳи ҳоли Эмомалӣ Раҳмон 

Ҷаноби Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ, зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, 5 октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи вилояти собиқи Кӯлоб (алъон вилояти Хатлон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Выступление президента Эмомали Рахмона
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Ӯ фаъолияти кории худро соли 1969, баъд аз хатми Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд), ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором адои хидмат карда, пас аз хидмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ бар мегардад ва дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара корро шуруъ мекунад.

Ба иттилоъи Хадамоти матбуотии президент, оқои Раҳмон соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат ва раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.

Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд — ду писар ва ҳафт духтар мебошад.

Фаъолияти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон

Соли 1990 Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати ХII интихоб шуда, тирамоҳи соли 1992 раиси Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Кӯлоб баргузида мешавад.

19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ин шӯро интихоб гардида, 6 ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии кишвар иштирок ва барандаи он эълон мешавад.

Инчунин ӯ барандаи интихоботи президентии 1999-и Тоҷикистон эълон шуда, бори дигар ба муҳлати 7 сол ба курсии раҳбарии Тоҷикистон такя мезанад.

Ҳамин тариқ, дар интихоботҳои президентии солҳои  2006 ва 2013 ҳам ин курсиро ҳифз кард.

Дар пайи имзои Созишномаи сулҳ моҳи декабри соли 1999 ба ӯ ба хотири хидматҳояш дар рванди барқарории сулҳу субот дар кишвар унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода мешавад.

Мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба тасвиб расидааст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф карда шудааст.

Мавзуҳо:
Интихоботи президентӣ - 2020 (77)
Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, президент, интихобот

Мавзӯъҳои асосӣ